КОНСТИТУТСИЯ ИФОДАГАРИ ҒОЯҲОИ ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛ ВА АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ
«Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем аз ин рӯ, бе доштани Конститутсия эҷоди ин гуна давлат номункин аст»
Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи 06-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Чи хеле ба мо маълум аст, санаи 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки иҷрои он барои ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06-уми ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон 26 апрели соли 2013 зикр карда буд, ки «мо дар як замони начандон тӯлонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлати демократӣ — асосҳои сохти давлатдории демократӣ, аз ҷумла моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдонро эълон ва таъмин намоем»
Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ гардид, тӯли ин давраи назди таърих начандон тӯлонӣ ин санади муҳими тақдирсоз собит намуд, ки шакли идораи давлату давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, ҷомеаи ҷаҳони кишвари моро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ демократӣ ва ягона эътироф намуд. Дар воқеъ ҳам, соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо заминагузори қабули ин санади муҳим гардид, балки зарурати таҳия ва қабули Конститутсияро ба миён овард. Аз сӯи дигар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибистиқлоли мо заминаи воқеӣ гузошта дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва рукнҳои давлатдории Тоҷикистони тозаистиқлол нақши ниҳоят муҳим гузошт.
Конститутсия маншаи шаклгирии низоми нави қонунгузорӣ арзёбӣ гардида, баҳри ширкати озодонаи ҷомеа дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идоракунии давлат мусоидат намуд. Он ҳамчун қонуни асосӣ аз дигар қонунҳо бо хусусиятҳои вижаи худ фарқ мекунад. Конститутсия муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, асоси сохтори конститутсиониро муайян менамояд ва меъёрҳои он бевосита амал мекунанд.
Конститутсия ҳамчун санади иҷтимоиву фарҳангӣ қабл аз ҳама он муносибатҳоеро таҳти танзим қарор медиҳад, ки онҳо зиндагии озодонаи инсонро таъмин мекунанд. Конститутсия роҳҳои қаноат бахшидан ба талаботи иҷтимоии аъзои ҷомеаро дар соҳаҳои маориф, илм, ҳифзи саломатӣ, фарҳанг таъминоти иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва оиларо муқаррар мекунад.
Конститутсия ҳамчун санади ғоявӣ (идеологӣ) қабл аз ҳама ормонҳои ҷомеаро инъикос намуда, аз маҷмӯи андешаҳо ва афкор иборат мебошад. Гузашта аз ин, худи Конститутсия дар тӯли таърихи мавҷудияташ дар миёни миллату давлатҳои мухталиф асоси танзимкунандаи мафкуравии онҳо қарор гирифтааст. Воқеият чунин аст, ки Конститутсия рӯи мафкураи мушаххас устувор мебошад. Ҳар меъёр ва ҳар бахши Конститутсия сарфи назар аз мазмуни танзимашон, хоҳ сухан дар бораи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ равад ва ё ба вазъи ҳуқуқии инсон ишора кунад, аз мағзи мафкуравӣ бархурдоранд. Аз ин рӯ, Конститутсия аз санаде, ки рӯи усули ҷаҳонбинии мушаххас устувор аст намояндагӣ намуда, аз ин роҳ ба ҳаёти маънавии ҷомеа тавассути интишори афкор, тасаввурот ва арзишҳои мушаххаси сиёсиву ҳуқуқ таъсири ҷиддӣ ворид мекунад. Маҳз ҳамин хусусияти Конститутсия ифодакунанда ва муайянкунандаи ғояи мустақили давлат мебошад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳарчи бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муварфақ, шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад»
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!
Котиби маҷлиси судии суди ш.Левакант Икромзода Ф.
Суди шаҳри Левакант 




