Пайвастшавӣ ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ

Санаи 8 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Суди шаҳри Бохтар омӯзиш ва пайвасткунонии судҳои шаҳру Бохтар, Леваканд, Кӯшониён, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ҷараён гирифт.

Омӯзиш ва пайвасткунонии низоми зикршударо ёрдамчии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Орзмуродов Ҳилолудин ва мутхассисони шуъбаи иттилоот дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуда, дар он раисон, муовинони раисон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои зикршуда иштирок варзиданд.

Ҳангоми пайвастшавӣ ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ тарзи истифодабарӣ ва коркарди барномаи нозоми ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ ва фиристодани паёмакҳои иттиллоотӣ омӯзонида шуд.