Идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Суди шаҳри Левакант

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди шаҳри Левакант корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо суръат  идома дорад .

Дар Суди шаҳри Левакант даромадгоҳи алоҳидаи замонавӣ мавриди сохтомон қарор дорад, ки он дар оянда барои таъмини амнияти бинои суд аз ҳолатҳои ногувор, инчунин ворид шудан ба бинои суд ва қабули шаҳрвандон шароити муфид фароҳам меоварад.