Дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

18 ноябри соли 2020 судяи суди шаҳри Левакант Назарзода Р.Ҳ. дар маҷлиси кушоди судӣ дар бинои суди шаҳри Левакант парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Пиров Давлатшо Маҳмадшоевич, 14 октябри соли 1959 таваллудаш, зодаи ноҳияи Темурмалик, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиладор соҳиби 5 фарзанд, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, сокини шаҳри Левакант, бо моддаи 237 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати судшаванда Пиров Давлатшо Маҳмадшоевич дар чунин ҳолат айб эълон карда шуда буд:

Пиров Давлатшо Маҳмадшоевич саннаи 21 июли соли 2020 тахминан соати 14:00 дақиқа, ҳангоми дар саҳни ҳавлии тарабхонаи “Боми Ҷаҳон”, воқеъ дар сурогаи шаҳри Левакант сади роҳи мошингарди шаҳри Левакант-ноҳияи Данғара, қарор доштанаш, бо мақсади дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъияти, ки дар беэҳтироми нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, бо шаҳрванд Қаҳоров Вафо Холмуродович дарафтода якдигарро дашному суханҳои қабеҳ гуфта бо мушт зери лату куб қарор додааст. Ў тартиботи ҷамъиятиро муддати тахминан 20 дақиқа дағалона вайрон намуда, оромии шаҳрвандон Файзов М.Д., Изатуллоев М.Ф., Воҳидов Қ.Ф., Сайдаҳмадов А.Б., Исоқов С., Шарипова М.С., Муҳидинова С.Н. ва дигаронро халалдор кардааст.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда Пиров Давлатшо Маҳмадшоевич худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида дархост намуд, ки мурофиаи судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати ў тибқи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда гузаронида шуда, таҳқиқи далелҳо гузаронида нашуда, ба музокираҳои судӣ гузашта шавад, зеро эътирофи гуноҳи ӯ маҷбурӣ нест.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он, ки оё эътирофи ў маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда ба музокираи судӣ гузарад.

Суд муайян кард, ки эътирофи судшаванда маҷбурӣ нест ва лозим шуморид, ки мурофиаи судиро тариқи соддакардашуда баррасӣ намояд.

Ба ғайр аз худиқрории судшаванда Пиров Давлатшо Маҳмадшоевич боз гуноҳи ў бо дигар далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбуда, ки дар рафти мурофиаи судӣ мавриди таҳқиқ ва баҳодиҳӣ қарор гирифтанд, тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Пиров Давлатшо Маҳмадшоевич дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, пешбини менамояд, банду баст кард.

Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Пиров Давлатшо Маҳмадшоевич талаботҳои моддаи 60 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24.12.2010 сол «Дар бораи ҳукми суди»-ро бавосита ва дараҷаи ба ҷамъият хафнокии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшаванда ва дигар ҳолатҳои амалии парванда, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад ба инобат  гирифта, Пиров Давлатшо Маҳмадшоевичро бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва ба ӯ бо ин модда бо дастрасии моддаи 63-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5800 (панҷ ҳазору ҳашсад) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин таъин кард.