Бадқасдона саркашӣ намудани фарзанд аз таъминоти модар

04 декабри соли 2020 судяи суди шаҳри Левакант Юсуфзода  Қ.Ф. дар маҷлиси кушоди судӣ дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Левакант парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Музафаров Раҳматулло Холиқович, 11 апрели соли 1989 таваллудаш, зодаи шаҳри Левакант, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби як фарзанд, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Левакант бо моддаи 178 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор кардашударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати судшаванда Музафаров Раҳматулло Холиқович дар чунин ҳолат айб эълон карда шуда буд:

Музафаров Раҳматулло Холиқович бо ҳалномаи суди шаҳри Левакант аз 11 октябри соли 2019 ӯҳдадор гардидааст, ки барои нигоҳубини модараш — Музафарова Фотима, таваллудаш 20 январи соли 1951 буда, ба маблағи 120 сомонӣ ҳар моҳ ба тариқи устувор алимент супорад. Вале ӯ бар хилофи талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал намуда, аз таъминоти модараш барқасдона саркашӣ намудааст. Дар натиҷа бо ин амалҳои ҷинояткоронаи худ муддати 13 моҳ алиментро напардохта, дар маҷмӯъ 1560 сомониро ташкил медиҳад, барои модараш Музафарова Фотима пардохт накардааст. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Левакант ӯро оид ба пардохт намудани маблағи алимент барои таъминоти модараш огоҳ карда, аммо ӯ аз пардохт намудани маблағи алимент бадқасдона саркашӣ намудааст. Барои саривақт пардохт накардани маблағи алимент қаблан як маротиба баёноти ӯ гирифта шуда, 6 декабри соли 2019, 9 январи соли 2020 ва 13 октябри соли 2020 аз тарафи иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Левакант ба ӯ огоҳии расмии хаттӣ оиди таъҷилан пардохти маблағи алимент дода шудаааст. Вале Музафаров Р.Х. аз иҷрои талаботи қонунӣ бадқасдона саркашӣ намудааст. Мзафаров Р.Х. ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ машғул нагашта, аз пардохти маблағи алимет ба андозаи 1560 сомонӣ барои таъминоти модараш бадқасдона ва бидуни сабабҳои узнок саракашӣ намудааст.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда Музафаров Раҳматулло Холиқович худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 178 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида дархост намуд, ки мурофиаи судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ тибқи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда гузаронида шуда, таҳқиқи далелҳо гузаронида нашуда, ба музокираҳои судӣ  гузашта шавад, зеро эътирофи гуноҳи ӯ маҷбурӣ нест.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он, ки оё эътирофи ӯ маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда ба музокираи судӣ гузарад.

Суд муайян кард, ки эътирофи судшаванда маҷбурӣ нест ва лозим шуморид, ки мурофиаи судиро тариқи соддакардашуда баррасӣ намояд.

Ба ғайр аз худиқрории судшаванда Музафаров Раҳматулло Холиқович боз гуноҳи ӯ бо дигар далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбуда, ки дар рафти мурофиаи судӣ мавриди таҳқиқ ва баҳодиҳӣ қарор гирифтанд, тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Музафаров Раҳматулло Холиқович дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 178 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани фарзандон аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ ҷиҳати таъминоти волидайни ғайри қобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ, пешбини мекунад, банду баст кард.

Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Музафаров Раҳматулло Холиқович бо назардошти присипҳои қонуни ҷиноятӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшаванда ва ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазои ӯ, инчунин бо риояи талаботи моддаи 310 қисми 2 ва 6-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат  гирифта, Музафаров Раҳматулло Холиқовичро бо моддаи 178 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 120 (яксаду бист) соат, давомнокии иҷрои он се соат дар як рӯз таъин кард.