Ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ронанда барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

19 октябри соли 2020 судяи суди шаҳри Левакант Юсуфзода К.Ф. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди шаҳри Левакант, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Хаётов Хушнуд Хасанович, санаи таваллудаш 15 марти соли 1997, зодаи шаҳри Левакант, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, мучаррад, сокини шаҳри Левакант, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард:

Ронанда Хаётов Хушнуд Хасанович санаи 18 октябри соли 2020 тахминан соати 03:20 дақиқа дар кўчаи Борбади шаҳри Левакант бо воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 71-50 НН 03-ро дар ҳолати мастӣ идора намуда, талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Хаётов Хушнуд Хасанович дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабуки ғайри ҳабсӣ таъин карда шавад.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Хаётов Хушнуд Хасановичро бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронанда дар ҳолати мастӣ пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Санксияи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ намудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба эътибор гирифта, Хаётов Хушнуд Хасановичро бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.