Ваҳдат истиқлолиятмонро ҳифз ва пойдор гардонид.

Сарҷамъ бод мардум, то ин ки Тоҷикистон,

То ҷовидон бимонад андар мақоми Ваҳдат.

Баъд аз он ки мухтарам Эмомали Раҳмон дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои  Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хӯҷанд ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб шуданд, дар сиёсати кишвар, дар он фазои ноорому хуношоми мамлакат дар кишвар як гардиши бузурге ба миён омад. Аз соатҳои аввали сарвари давлати  Тоҷикистон шуданашон дар  фикри ба ваҳдат овардани миллати хеш шудаанд. Баъди анҷом пазируфтани Иҷлосияи таърихсози 16-уми Шӯрои Олии мамлакат  дар суҳбат бо мухбир Раиси тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон гуфта буданд: “То он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозам, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷойи яроқ олоти меҳнат бадаст нагирем ва таҳрибкорӣ ба бунёдкори нагузарем, ҳеҷ гуна кумаки беруна вазъи моро беҳ сохта наметовонад”.

Ҳамин тариқ бо заҳмати зиёди шабонарузии сарвари хирандманду хирадпешаи миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон сулҳу амниятро барқарор кардем, силоҳи марговарро ба замин мондем, барои ризқу рӯзиамон даст ба олоти меҳнату замин задем ва аз таҳрибкорию бадбинӣ даст кашида якдигарро ба оғӯш кашида ваҳдати миллатро дар хонаю кишвари хеш барқарор кардем. Аз ҳама бузургии миллат ҳамин буд, ки дар назди руҳи шаҳидонамон ваъдаи қатъӣ додем, ки дигар кишварамон ҳеҷ гоҳ даст ба яроқ намебарем.

Ин рӯзи мубораки миллати тоҷик 27-июни соли 1997 буд.

Устод Лоиқ дар ин боб аз дарди миллаташ месухт, манзумаи шодбошие навишта буд

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Қаҳрамони ин рӯзи неки миллат сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон буданд. Воқеан ин марди шарифи миллат барои амали сохтани ин мушкили миллат, ҳатто агар лозим мешуд, ҷонашро нисор мекард.

Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои сангини аввали истиқлолияти ватанамон назар кунем мебинем то расидан ба дастовардҳои бузурги соҳибистиқлолӣ чӣ қадар  мамониатҳою маҳрумият ва мушкилоти сахти сиёсӣ иқтисодӣ ва фарҳангиро паси сар кардем.

Аз нахуст қадамҳои соҳибистиқлолӣ доираҳои муайяни бадхоҳи сохти конститутсионӣ бо истифода аз таҷрибаи хоҷаҳои зархаридашон бо усулҳои бадтарин низоъ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазору сад сол муқаддам давлати Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллатро ба гирдоби мухолифат ва муқовимат (ҷангҳои хунин) кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлолро дучори ҷангҳои таҳмили шаҳрвандӣ гардониданд. Натиҷаи ин ҷангҳои шаҳрвандӣ ҳамин шуд, ки 150 ҳазор сокинони бегуноҳамонро қурбон кардем. Ин қариб беш аз як миллион аҳолии кишвар аз тарси якдигар хонаю дар, ватани худро тарк карда дар давлатҳои ҳамсоя гуреза шуданд. Зарари иқтисодӣ, маънавии ҷангҳои шаҳрвандиамон ҳадду ҳисоб надоштанд. Собиқ ноҳияҳои вилояти Кулоб зери муҳосираи иқтисодӣ буд. Он рӯзҳои даҳшатборро онҳое медонанд, ки он рӯзҳоро аз сар гузарониданд.

Сарвари давлат, Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон гуфта буданд: «Ман ба Шумоён сулҳ меорам». Ин гапи оддӣ набуд. Сулҳ ва суботи миллатро таъмин кардан, ба даҳон гуфтан осон буд. Муҳтарам Эмомали Раҳмон бо амал, бо иродаи қавӣ, бо нияти неки миллатдӯстиаш барои ваҳдати миллӣ, барои сулҳу субот дар кишвараш сарро ба сад дар зад. Тавалло мекард, зора мекард: «Ба Ватан баргардед, хориҷа ватани шумоён нест, касе парвои шумоён надорад, агар як порча нон дорем, якҷоя бо ҳам мебинем. Ватан, хонаю даратон шумоёнро интизоранд». Дар як ҷаласаи бонуфӯзи давлатӣ гуфта буданд: «Ваҳдат тавонотарин омили устувории миллат, шаҳсутуни бахти миллат, шуҳрату шону тахти миллат аст. Чун душмани миллатеро ба вартаи нестӣ ва ё вобастагӣ кашиданӣ мешаванд, сараввал  мекӯшанд, ки ваҳдати ин мардумро аз байн баранд. Ба ҳамин ғаразҳои нопок миёни тоҷикон низ оташи ихтилофи ваҳдатшикан афрухта шуд.

Саркардаҳои ин гуноҳҳои азим Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Хиёнати онҳо ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд. Дар саргари ин мушкилоти пурпечу тоби миллат барои раҳои ёфтан аз ин мушкилоти шахсан сарвари миллат–муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистоданд. Ана ҳамин ваҳдатталабиву ваҳдатҷӯӣ он кас буданд, ки миллату давлати тоҷикон пойдор монд, шаҳди онро мо тоҷикон то имрӯз чашида истодаем ва шукрона мекунем, ки чунин сарвари сиёсатмадор дорем. Баъд аз он ки истиқрори сулҳу ваҳдат ба имзо расид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин суханҳо ба сокинони кишвар муроҷиат карда буданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 солаи охир барои нигоҳ доштани давлати тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пушид. Ман имрӯз (27.06.1997) гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик аввал пешпо хурд, вале имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар миёни халқи мо роҳгирифта буд, аз худ дурандохта, морони заҳрнокеро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон карданд, саркӯб созад». Мардум аз ин ҷангҳои бемаънӣ баъд аз сулҳу суботи миллат ба як хулосаи даркорӣ омаданд. Имрӯз миллат хушбахту сарбаланд, давлати тоҷикон пешрав ва таҳти сулҳу суботи сиёсӣ зиндагии озода доранд. Ногуфта намонад, ки ҳамин сулҳу ваҳдат буд, ки истиқлолияти давлатиамонро ҳифз карда тавонистан ва 35-солагии истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои ниҳоят беназир ҷашн хоҳем гирифт. Чун ваҳдати беназир бадаст омад, миллату давлатҳои дигар ин пешомади неки тоҷиконро падидаи ҷаҳонӣ номиданд. Муншии ҳамонвақта Кафе Анан гуфта буданд: «Тоҷикон барои бисёрмамлакатҳои дигар дар ҳалли мушкилиҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърих эҷоди сулҳ мебошад».

Пас метавонам бигуям, ки ҷисму ҷони ин марди шарифро аз ҷавҳари ваҳдат сохтаанд. Аз ин лиҳоз ӯ бешубҳа мунодии сулҳу субот, рафоқат, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, ягонагии иттиҳоду ваҳдати миллаташ асту халос. Бузургтарин кореро, ки карда тавонистем, 2 чархаи Роғунро гардон карда тавонистем. Дар куҷое бомардум мулоқот мекарданд, муҳимтарин масъалаҳои тараққиёти иқтисодиёт ва илму фарҳанги кишварро, муҳимтарин мушкилоти муносибатҳои бозаргониро, умдатарин мушкилоти тарбияи маънавии мардуми тоҷикро аз, он ҷумла ҷавононро мавриди баррасӣ қарор медоданд.

Муроҷиатномаҳояш ба халқаш, махсусан ба гурезаҳои иҷборӣ ниҳоят муассир буданд. Дар суханҳояш осори ниҳоят баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ, ободгароии Тоҷикистон ва тарбияи маънавии ҷавонон садо медоданд. Соли 1994 ба миллаташ бо чунин суханҳо муроҷиат мекунад:

«Азизон, Тоҷикистони мову шумо аз балоҳо гузашт ва ҳарчанд талафоти ҷониву молӣ дод, якпорчагии сиёсӣ, тамомияти арзи ва истиқлолияти худро тавонист нигоҳ дорад. Имрӯз Тоҷикистони азиз рӯ ба ободони ниҳодааст ва ба ҳар фарзанди барӯмандаш, ки метавонад дар ободии ин куҳандиёр саҳмбигирад, бочашми умед менигарад. Дар Тоҷикистони осебдида муҳити оштӣ, бахшоиш ҳукмфармост. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки имрӯзу фардо бозхоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард».

Мо бояд бидонем ва бинем, ки ягона василаи худшиносӣ ва камолоти инсонӣ аз таърих ибрат гирифтан аст. Сиёсатмадоре, ки ба халқи худ муҳаббати гарму садоқат бепоён ва боварии комил дорад, дар мағз-мағзи ҷонаш меҳри ватан ва фикри ободу маъмур доштани кишвараш мондааст, бо нерӯи эътиқод номуси миллии ҳамватанони хешро бармеангезад, сиёсатмадоре, ки таҷрибаи таърихи ниёгонро тӯшаи роҳи тақдири хеш донистааст, қодир аст ба ҳайси пешвои маънавӣ ҷомеаро басарзамини мақсур ҳидоят намояд, басӯи фардои дурахшон устуворона, ҳадафдона қадам гузорад. Миллати азизи ман ин роҳро бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафмандона ба сари баланд тай намуда, то имрӯз омада расидааст. Ҷаноби Олӣ дар як суҳбаташ таъкид карда гуфтааст: «Таърих он вақт омӯзонда ва сабақ шуда метавонад, ки аз гузашта ибрат гирифта тавонем, хатоҳои худро ислоҳ намоем ва дар фикри оянда бошем».

Бубинед, ки имрӯз аксари давлатҳои дунё мубталои ҷангу хунрезӣ қарор доранд. Мардуми кишвар алалхусус қишри ҷавононамон бидонанд, ки ободӣ, озодагӣ, сулҳу ваҳдати мардуми тоҷик, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлолияти Тоҷикистон қарор дорем, бо осонӣ ба даст наомадаанд. Ҷавононамон бояд пеш аз ҳама ба Ваҳдати миллӣ, ба истиқлолиятамон, ба сулҳу суботи миллӣ эҳтироми бузург дошта бошанд. Фаромӯш набояд кард, ки ободонӣ, пешрафти ҷомеа, тинҷию оромии кишвар пеш аз ҳама ба Ваҳдати миллӣ вобастагии қавӣ  дорад.

Муборак бодат ин рӯзу ҳама рӯз,

Ҳумоюн бодат ин солу ҳама сол.

Судяи суди шаҳри Леваканд Ғафурзода Манучеҳр Абдурасул