ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ ОЛИИ ВАТАН
Миллати тоҷик санаи 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард. Бо ба даст овардани Истиқлолият чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя, миллати тоҷик соҳиби давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Бо ба даст омадани он тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа рӯ ба рушд ниҳод. Ҳокимияти судӣ низ, ки шохаи алоҳидаи ҳокимият ба ҳисоб меравад, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ инкишоф ёфта, дар таъмини адолати иҷтимоӣ саҳми босазо гузошта истодааст. Имрӯз кишвари мо роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба озодии сухану виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, эҳтиром мегузарад. Бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, имрӯз кишвари моро чун шарики стратегӣ мешиносанду ҳамкорӣ менамоянд. Бинобар ин, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки баҳри боз ҳам рушд ёфтани кишвари азизамон ва боло рафтани мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ саъю талош намоем. Барои амалигардонии ин моро лозим аст, ки дар соҳаи хеш самаранок фаъолият намоед.
Бояд қайд кард, ки пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамияти ин санаи таърихӣ чунин ибрози андеша намудаанд: “Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихиеро фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.
Ҷоиз ба қайд аст, ки халқи тоҷик ва тамоми сокинони Тоҷикистон дар тӯли 29 соли Истиқлолият ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ соҳиб гардид, ки муҳимтарини онҳо ин пеш аз ҳама расидан ба ваҳдат ва оштии миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани якпорчагии марзу буми аҷдодӣ буд. Зеро бе ваҳдату якпорчагӣ бунёди давлати озод, амалӣ сохтани орзуву ормонҳои таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои ояндасоз ғайриимкон буд.
Истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ ба ҳам робитаи пайваста дошта, бидуни ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Маҳз истиқлолият поя ва имконияти бунёди давлати миллиро фароҳам меорад.
Ҷашн гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 9 сентябри соли 2023, худ шаҳодати гуфтаҳои боло буда, аз озод, соҳибихтиёр ва соҳибдавлат будани тоҷикон дарак медиҳад.
Дар анҷом ҳаминро мехоҳам таъкид намоям, ки дар баробари соҳиб гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ, вазифаи ҳар яки мо васеъ гардида, ба мо муяссар шуд, ки кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Ҳоло, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари озод эътироф шудааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст ва фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигузорему бо исми миллати худ ифтихор намоем. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик хушбахтист ва танҳо бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем истиқлолияти худро ҳифз намоем ва ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ муяссар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодири таърихӣ расем, зеро Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меорад.
Поянда бод Истиқлолияти давлатии тоҷикон!
Раиси суди шаҳри Левакант: Назарзода Р.Ҳ.