Файзи Истиқлол
То ҷашни истиқлолияти мамлакат рӯзҳои башумор мондааст. 9-уми сентябри соли 1991 баъди пошхурдани ҳокимияти Шӯравӣ, Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон истиқлолияти худро эълон дошт. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ занону бонувон дар Тоҷикистон, дар радифи мардон ҳамчун қувваи пешбаранда ва ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф гардида, иштироки онҳо дар пешбурди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ муҳим арзёби мегардад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдадти миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ, суботу сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таъмин гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти конститутсиониро амалӣ намуд, кифаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимиятро ба танзим даровард. Дар ин давра, гузариш ба низоми иқтисоди бозоргонӣ, ҷори намудани гуногуншаклии моликият, пулӣ миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодабарии самаранокии захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукамалгардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани сармоягузорӣ ва тарақиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд. Аз ҷумла дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ташаккули сиёсати молияви бахусус андозу буҷет, заминаҳои муосири қонунгузорӣ фароҳам овардашуда, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молиявиро таъмин намуд.
Таи 32 соли соҳибистиқлолии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мазди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақа як қатор чораҳоро роҳандози намуд.
Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташакулли арзишҳои солими башардӯстона хизмат кардааст. Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Инчунин Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақоисимои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллаллӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои 90-ум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътирф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.
Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Душвортарин муаммои мо ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энеркетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.
Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, дариҷаи наҷотро дар он низ дарёфта буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, мнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилаллии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Дар доираи Барномаи дарозмуддати банёди силсилаи неругоҳҳои обии барқи дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерӯгоҳҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтуда-1», «Сангтуда-2» ба охир расонда шу два он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтуда- 1, 2 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб – Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ғамхории бузурги Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.
Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе Хорӯғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои овтомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Ча–оқ, нақби Шаршар ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гарда два дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад.
Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташакули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он инчунин ба таъмини ҳуқуқуозодиҳои инсон ва шахрванд мусоидати фаъол намуданд.
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуд, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз чандин иншоотҳо дар назар аст. Тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самари неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.
Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниам: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар як фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.
Котиби м/с суди шахри Левакант Икромзода Ф.