ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАСМИ СУЛҲУ ВАҲДАТ
«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият барои ҳар яки мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро мустаҳкам намуд ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият, баҳои симоии миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодиҳоҳ буда, солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоӣ ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд.
Санаи 9-уми сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷат таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли башар эълон кард.
Дар моддаи аввали ин эъломия чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати мустақили демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад». Вақте, ки давлати абарқудрати Шӯравӣ аз байн рафт, дар ҷумҳурӣ вазъияти сиёсӣ муташанниҷ гашт. 9-уми сентябри соли 1991 аввалин маротиба рӯзи истиқлолият қайд карда шуд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳост, ки марзу буми худро дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.
9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ карда ва аз оғози марҳилаи наву тозае дар ҳаёти халқи мо башорат дод. Ҳарчанд халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои дунёст, ҳарчанд аз ҷумлаи миллатҳоест, ки таърихи тамаддуни башариро бунёд гузоштаанд, ҳарчанд фарзандони бадонишу бафарҳангаш мисли нигини тобоне тоҷи давлату давлатдориҳои аҷнабиро шукӯҳ мебахшиданд, вале худ баъд аз фурӯпошии сулолаи бузурги Сомониён дар тӯли ҳазор соли охир аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд.
Аз ин рӯ, санаи 9-уми сентябри соли 1991 барои мо натанҳо ҳамчун Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарории адолати таърихӣ азизу арҷманд аст. Дар таърихи ҳама миллат санаҳое ҳастанд, ки арзишу аҳамияти фавқулоддаву муҳим доранд. Барои мо, тоҷикон, чунин санаи бузурги дорои аҳамияти таърихӣ – 9 сентябр, ҷашни Истиқлол мебошад. Ҷашн ин пеш аз ҳама шодию сурур ва шукӯҳу тантана аст, шукӯҳу тантанае, ки дар замираш маънову рамзе дорад. Маънои ҷашни Истиқлол чун таърих амиқ аст, зеро ҷашни Истиқлол барои тоҷикон рӯзест, ки муҳтавои садсолаҳоро дар худ ғунҷоиш додааст. Рӯзи Истиқлол ин ҷамъбасти талошу муборизаҳо ва худфарсоиву ҷоннисориҳои абармардони миллат аст, ки барои озодию худмухтории халқи тоҷик ва давлати миллӣ аз худ нишон додаанд ва дар саҳнаи ин муборизаҳои беамон ҷон супоридаанд. Аз ин рӯ, ҷашни Истиқлол ҷашни омӯзиши таърих ва шиносоӣ бо гузаштаи ниёгони бузург аст. Вагарна чӣ тавр метавонем арзишу асолати Истиқлолро дарк намоем!
Халқи азизамон хуб дар хотир дорад, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардид. Чунин вазъи фалокатбор аз ҳар фарди ватандӯсту солимфикр тақозо кард, ки такя ба суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳар чи зудтар оташи ҷангро хомӯш карда, тамоми имкониятҳоро барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳолати парешонӣ қарордошта, таъмини суботу оромӣ ва барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ сафарбар созад.
Яке аз хизматҳои аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати хотимаи ҷанги бародаркуш дар кишвар ва баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватани аҷдодии худ басо бузург мебошад.
Санаи 1-уми июни соли 1993 Сарвари давлат дар баромади худ ба ҳамватанони мусофир ва сарсони мо тариқи телевизион муроҷиат намуда чунин иброз намуда буданд: « …. Мо ба Шумо кӯҳи тиллоӣ ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлӯи ҳамдигар истода Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобшударо барқарор мекунем. Тоҷикистони мо ҳамаи чизро ва ҳамаи имкониятро дорад, ки ободу серу пур бошад. Биёед, ҳамаи инро истифода мебарем, то ки ободу озод бошем. Ватан бе Шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед. Сарзамини меҳмоннавози афғон барои шумо нишемангоҳ аст, аммо замини хуни ноф рехтаи шумо инҷост…Ёд доред, ки бузургон гуфтаанд: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар». Ман ба шумо муроҷиат мекунам: Халқи азизам, падару модарон, хоҳару бародарон ва фарзандон! Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон интизор аст! Шумо тоҷику Тоҷикистониед, Тоҷикистон шуморо интизор аст! Ба Ватан баргардед». Ҳамчунин, муроҷиатномаи ӯ ба ҳамватанони хориҷ аз хоки Тоҷикистон (16-уми январи соли 1994) бо таъсирнокии худ ҳисси ватанхоҳии онҳоро бедор накарда наметавонад, ки дар он чунин омадааст: «Азизон, Тоҷикистони мову шумо аз балоҳо гузашт ва ҳарчанд талафоти дардовари ҷониву молӣ дод, якпорчагии сиёсӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти худро тавонист нигоҳ дорад. Имрӯз Тоҷикистони азиз рӯ ба ободӣ ниҳодааст ва ба ҳар фарзанди барӯмандаш, ки метавонад дар ободии кӯҳандиёр саҳм бигирад, бо чашми умед менигарад. Дар Тоҷикистони осебдида муҳити оштӣ, бахшоиш ҳукмфармост… Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони хориҷи кишварро ба бозгашт ва иттиҳод даъват намуда, дар ин роҳ ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданд. Ӯ ба сифати Раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон тамоми ҳаммиллатҳои берунимарзии моро ба ваҳдату ҳамкорӣ даъват намуд, заминаи мусоиди сиёсию маънавӣ ба вуҷуд меорад, то ки ҳамкориҳои судманди мо бо кишварҳои ҷаҳон ба амал оянд, натиҷа диҳанд ва ҳар як фарди тоҷикистонӣ ба некӣ дарк кунад, ки тақдири Ватан дар дасти худи ӯ мебошад. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун дар бораи гурезаҳо қабул гардида, ба онҳо кӯмакҳои моддию маънавӣ расонида шуд ва дар солҳои 1993-1994 зиёда аз 500 ҳазор гурезаҳо ба Ватан, аз он ҷумла 8 ҳазор нафар аз Афғонистон ба ҷойи муқимии худ баргаштанд ва соҳиби манзил шуданд.
Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ ва музокиротҳои тӯлонӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Бо имзо шудани санади ниҳоии сулҳ хатари пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон рафъ гардид.
Дар ин ҷо мехостам суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хотиррасон намоям, ки аз минбари Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд (алҳол Бобоҷон Ғафуров) гуфта буданд: «Ман ба Шумо сулҳ меоварам». Ҳамин ҷумлаи соддаву самимӣ буд, ки сарнавишти миллати моро аз парешонии навбатии таърихӣ наҷот бахшид ва роҳи ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳилаи нав муқаррар намуд. Сад шукр, ки ба гуфтаи шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ҷанги хуниншор бигзашт ва сулҳи деринтизор омад. Имрӯз дар раванди шадиди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои фарҳангҳо рисолати Ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар аён мегардад. Ҳар лаҳзаю ҳар соат ва тули солҳои пирӯзӣ моро ҳушёру хушдор мекунад, ки дар сар андешаю ниятҳои дигаре эҷод насозем, ба ҷузъ талош баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва таҳкими ваҳдату созандагӣ. Ваҳдати миллӣ мисоли равшани ин андеша аст. Пас аз пирӯзии фарҳанги сулҳи тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ – ин таҷриба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шуд. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли масоили минтақа ва ҷаҳон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, сол то сол ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд.
Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби кадом созмонҳо ва давлатҳо ба ташкилоти террористиву экстремистӣ кӯмак расонида мешаванд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус нишон медиҳад, ки аз ин рафтори созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистон истифода бурда, барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз қабили куштору таркиш мезананд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро гузошта, ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХI аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯ ба рӯ шуд. Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳтарин оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдориаш ин намуди ҷиноятҳоро маҳкум намуд ва ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба баъзе шахсони алоҳидаи радикалӣ мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш менамоянд, ки дар байни пайравони Эмоми Аъзам, ки аксаран мардуми тоҷик пайравашон мебошанд, тухми кинаву адоват кошта, боз мардумро ба вартаи ҷудоиандозиҳо бикашанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди Созмони Миллали Мутаҳҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд, террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Президенти кишварамон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ писанд омад ва имрӯз дар баромадҳои роҳбарони давлатҳои гуногун ин нуқта пайваста садо медиҳад. Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории хеш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд. Дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.
Дар тантанаи Истиқлолият ва пояҳои давлатдории тоҷикон, ҳамчунин рушду нумӯъ ёфтани тамоми бахшҳои ҷомеаи кишварамон хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Дар таърихи нави халқҳои тоҷик дастовардҳои истиқлолияти кишвар ва амалҳои бунёдкоронаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамдигар иртиботи ногусастанӣ доранд.
Муҳимтарин падидаҳои ҳаёти кишварамон дар даврони 32 соли Истиқлолият, ки бевосита бо саъю талошҳо ва роҳбарии Сарвари давлат– ин қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон, ки пас аз муҳокимаи умумихалқӣ бо раъйдиҳии пинҳонӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон пазируфта шуд, интихоби умумихалқии Президент, интихоби мақоми олии қонунгузори касбӣ – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, таъину интихоби мақомоти давлатии маҳаллӣ, қабул ва мавриди иҷроиш қарор гирифтани якчанд Қонунҳо ва Барномаҳои ҳуқуқиву иқтисодӣ, аграриву саноатӣ ва илму фарҳангӣ, ки ҳама аз мустаҳкаму босубот сохтани ҷамъияту давлат ва ба сатҳи сифатан нав расидани истиқлолияти миллӣ шаҳодат медиҳад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбир ва қарорҳо оид ба муътадил овардани вазъи сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ равона шудаанд. Асоситарин аз онҳо: якчанд маротиба эълон намудани «Авфи умумӣ», халъи силоҳи оташфишон аз дасти мардуми гумроҳшуда, муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорӣ, таъминоти мардуми кишвар бо маводи хӯрока, якчанд маротиба баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони давлатӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, мустаҳкам намудани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ба мисоли онҳо, ки барои пешравии ҷумҳурии азизамон нақши муҳим мебозанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гашт, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бори дигар барқарор гарданд. Сафарҳои президентҳои ин ду кишвар боис гаштанд, ки сарҳадҳо кушода шуда, одамон бемамоният аз ҳамдигар дидан кунанд, хешу табори аз ҳам ҷудошуда бори дигар ба ҳам қарин гарданд. Бешак, барқарор гаштани муносибатҳо бо кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯст аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дарак медиҳад, зеро Сарвари давлат тавонистанд кори амалинашавандаро амалӣ созанд.
Истиқлол арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардид ва мавқеи шоистаи худро дар байни кишварҳои мутамаддин соҳиб шуд. Истиқлол нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад.
Сулҳу ваҳдат, ки неъмати истиқлол аст сароғози шукӯҳи миллати мо гардид ва ҷомеаи моро ба ҷаҳони имрӯз ворид ва мутобиқ гардонид. Бигзор Сулҳу саодат ва иттиҳод дар сарзамини тоҷикон доимо поянда бошад.
Котиби маҷлиси судии
суди шахри Левакант Хамзазода А.А.