Рӯзи 7 марти соли 2022 дар бинои суди шаҳри Левакант бахшида ба рӯзи 8-уми март- Иди модарон, мизи мудаввар доир гардид.
Рӯзи 8 марти соли 2022 дар бинои суди шаҳри Левакант бахшида ба рӯзи 8-уми март- Иди модарон, мизи мудаввар доир гардид. Мизи мудаввари мазкурро Раиси суд муҳтарам Назарзода Р. оғоз карда, қайд кард, ки рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. Зеро агар Иди Ғалаба муқаддас ва муҳим эътироф шуда бошад ва дар ин замина Иди якдилии байналхалқии меҳнаткашон низ ҷашн гирифта шаванд, бояд Иди бонувон низ дар ҳамин радиф қарор бигирад. Новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни таърихӣ ва сиёсист. З-ин рӯ, 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст.
Дар рафти суханрониаш Раиси суд муҳтарам Назарзода Р. бонувони суди шаҳри Левакант ва дар симои онҳо тамоми модарони ҷаҳонро ба муносибати фарорасии Идашон, яъне ба рӯзи 8-уми март табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳату саломатӣ, рӯзғори ободу осуда, сарвати беандоза ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно кард.
Раиси суд муҳтарам Назарзода Р. суханро барои табрикот ба котиби маҷлиси судии шаҳри Левакант Икромзода Ф. дод.
Котиби маҷлиси судии шаҳри Левакант Икромзода Ф. суханро аз табрикот оғоз карда, тамоми модарони дунёро бо рӯзи байналмилалии модарон, яъне ба рӯзи 8-уми март табрику таҳният гуфта, ба онҳо умри пурбаракат, саломатии бардавом ва хушбахтии аҳли оиларо орзу кард.
Дар охир Раиси суд муҳтарам Назарзода Р. туҳфаҳои аз ҷониби судяҳо ва кормандони дасгоҳи суд омода кардашударо ба бонувони судии шаҳри Левакант супорида, боз якбори дигар онҳоро бо Иди модарон табрик кард.