Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори истиқлолияти давлатӣ- Раиси Суди шаҳри Левакант Назарзода Р.Ҳ.

Қобили тазаккур аст, ки сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳиб-истиқлол хусусияти хоси худро дошта, мазмуни асосии он дар чораби-ниҳои  гуногуни  фарҳангию  сиёсӣ  ва рамзу анъанаҳои миллӣ  таҷассум меёбад.

Ҳамаи ин  заминаи муҳим  барои  дарки  худшиносӣ   ва  комёб гарди-дан ба  пешрафту дастовардҳои  кишвар мебошад. Аз ин рӯ,   «Рӯзи  Президент», ки 16  ноябр дар тамоми қаламрави  Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад,   иқдоми некест, ки барои  арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз  Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор  ва  қадршиносӣ аз  заҳматҳои Президенти кишвар ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат заминаи устувор  мегузорад.

Бояд гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар раванди дигаргуниҳои нави ҷомеа  дар Тоҷикистон марҳилаи нав ба миён овард. Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар   замони соҳибистиқлолӣ-  ин нишонаи  муттаҳидӣ ва якпорчагии  миллат мебошад.

Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии  кишвар, пойдории  сулҳу салоҳ, таҳкими  амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонист ба эътирофи бузурги умумимиллӣ мушарраф гардад.

Хусусан  дигаргуниҳои  замони соҳибистиқлолӣ- ифтитоҳи иншооти бузурги аср, бунёди неругоҳҳои барқӣ, роҳу нақбҳо, баланд бардоштани  ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан  ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ низ шаҳодати онанд, ки  мардуми Тоҷикистон  ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва  ояндаи дурахшони  Тоҷикистон боварию эътиқоди қавӣ дорад.

Ҳамаи ин далолат аз он менамояд, ки имрӯз  мо ва билхоса, ҳуқуқши-носон бояд  ба  тадқиқ ва таҳлили масъалаи   фаъолияти   бурдборонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  ва масъалаҳои   ба он вобаста ҳарчи бештар таваҷҷуҳ  дошта бошем.

Маълум аст, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ифодагари иродаи матини сарвари сиёсӣ баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар мебошад.

Чунин мавқеъ ва иродаи Президенти кишвар  имконият дод, ки дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ ва кӯшиш баҳри ҳамгироии иҷтимоӣ пурзӯр гашта, пеши роҳи  ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шавад.

Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи  бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи  созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби  сиёсӣ дорои хусусиятҳои  универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он  аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ   бо риояи принсипҳои  демократӣ  амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта мешавад.

Ҳамин тавр,  Президенти кишвар танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро  ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи  худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, аз ҷониби  Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо Президенти мамлакат – Эмомалӣ  Раҳмон  сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри ХХI» гардидааст.

Ба назари мо  чунин муносибат  аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошт. Ӯ чун шахсияте шинохта мешавад, ки мардум ба ӯ ҳамчун фарзанди  фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ  доранд.

Ҳамзамон  боварӣ доранд, ки ӯ аз уҳдаи ҳалли   тамоми масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ  гаштааст, баромада метавонад. Чунин боварӣ ба  Эмомалӣ Раҳмон  аз он ҷост, ки дар  тӯли солҳои  фаъолияташ  танҳо ба ӯ муяссар  гашт, ки  ҳамаи кӯшиш-ҳои  фишори  зӯроварӣ ба ҳокимиятро чӣ аз ҷониби неруҳои сиёсии  дорои тамоюли радикалӣ ва чӣ аз ҷониби онҳое, ки бо зӯри силоҳ кӯшиши ба сари ҳокимият омадан доштанд, пешгирӣ карда  тавонист.

Албатта,  дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки миллату  кишварҳоро аз маҳву парокандагӣ эмин нигоҳ медоранд. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини тоҷикон  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба шумор меравад, ки  дар бораи  шуҷоату фаъолияти давлатдории ӯ китобу мақолаҳо ва илмҳои  зиёде  пешкаш  гардидаанд.  Аммо Президенти кишвари мо имрӯз  ниёз  ба муаррифӣ  надорад. Ӯ шахсиятест, ки бо  дили бузург ва иродаи оҳанин соҳиби  эҳтирому ифтихори ҳамагон гардидааст.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, имрӯз дар бораи Рӯзи  Президент ва  Президенти кишвар сухан мегӯем, ки ин ҳама самараи озодӣ ва истиқлолияти сиёсӣ мебошад. Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ин рӯзро бо меҳнати фидокорона  ба Ватани маҳбубамон, худшиносии баланди миллӣ ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ,  самимияту  эҳтироми хоса  пешвоз гирифта, ба он арч гузорем.

Рӯзи Президент ҷашнест, ки барои  дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту  эҳтироми рамзҳои  давлатӣ  ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин  намудани  идомаи  раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.