ПЕШВОИ МИЛЛАТ- РАМЗИ ИТТИҲОД ВА САРҶАЪМИИ МОСТ-котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Левакант Икромзода Ф.Г.
Имрӯзҳо дар фазои тинҷию оромӣ, сулҳу ободии Ватани азизамон Тоҷикистон, мо дар остонаи таҷлили ҷашнвораҳои муҳими таърихию сиёсӣ, аз ҷумла таҷлили Иҷлосияи 16-уми Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент қарор дорем. Дар фазои соҳибистиқлолии кишвар мусалламаст аст, ки дар сартосари Ватани азизамон Тоҷикистон санаи муҳими таърихӣ, 16-ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи такдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида аст. Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намудааст. Баргузории Иҷлосияи мазкур — ин оғози давраи наве дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар чунин лаҳзаҳои ҳасос, фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Эмомали Раҳмон ҳамчун сардори давлат, ки вазъи он рузҳоро таҳлил карда тавонист, дар чунин давраи марҳилавии тақдирсоз киштии ғарқшудаистодаи-Тоҷикистонро аз туфони ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ берун кашид, баҳри мустақилияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар қадамҳои мустаҳакам гузошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст.
Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Аммо барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ, Роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, пур аз печу тоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд.
Албатта, комёбиҳои ин миллат ва кишвар зери сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр зиёданд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳо дар бунёдии ин марҳила кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чӣ масиреро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро ноил шудаанд. Ва низ, бо дарку ҷамъбасти ин дастовардҳои бунёдӣ метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ба пешвои миллати худ дар чист?
Қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Зеро баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад.
Дар қадами дуюм, талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Ҳарчанд давлати нави мустақили тоҷикон ҳамагӣ дар як пораи кӯҳистонии сарзамини бузурги таърихии халқи тоҷик таъсис гаштааст, вале дар он рӯзҳо боз ҳам нақшаҳои тақсими ин давлат дар миён буд. Чунин тарҳҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, дар ин самт қадамҳои амалӣ низ гузошта буданд.
Ҳамчун қадами сеюм Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд.
Дастовард ё қадами устувори чоруми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расид. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобаш ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд.
Ҳамагон дар ёд доранд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард.
Имрӯз бо тамоми ифтихору итминон метавон гуфт, ки фарзанди шарифу меҳанпарвари тоҷик, Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди миллат, Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои мусоидро барои рушди миллат таъмин намуданд. Ҳамаи ин комёбиҳо нақши иҷлосияро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ҷовидона мегардонанд.
Таҷлил намудани Рӯзи Президенти кишвар ин боварию, эътимод ва меҳру муҳаббати самимонаи хурду бузурги мардуми тоҷик нисбат ба Пешвои муаззами миллат мебошад. Имрӯзҳо дар дилу дида ва гуфтори ҳар як фарди баору номуси миллат, роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамун Президенти мардумӣ, Президенти ятимпарвау сулҳовар, Президенти маорифпарвару бунёдкор ва ҷавонпарвар шунида ва эҳсос карда мешавад, ки ин аз матонату қавииродагӣ ва фазилатҳои хуби ин шахсияти барҷастаи таърихи гувоҳи медиҳад.
Ҷойи ифтихор аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳад. Мо насли ҷавони созандаи кишварро месазад, ки дар пайрави аз Пешвои миллати худ ифтихор намуда, таҷрибаи сулҳовар ва мактаби бузурги сулҳпарвару онро биомӯзем.