ПАЁМ – ВОСИТАИ ТАЪМИНКУНАНДАИ ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА
Илми сиёсӣ ва назарияҳои муосири идоракунӣ паёмҳои ҳамасолаи сарони давлатҳо ба парлумонҳои давлатҳояшонро як навъ шакли ташаккули ҳамкорӣ байни ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия эътироф намуда, дар фарҳангӣ давлатдории муосир онро ҳамчун ҷузъи таркибӣ пазируфтааст.
Ин аст, ки паёмҳои ҳамасола дар низоми идоракунии аксари мамлакатҳо мавқеъ ва нуфузи махсуси худро дошта, масъалагузориҳои дар он баёнгашта чун барномаи амал на танҳо барои Парлумон, балки аҳли ҷомеа қабул карда мешаванд.
Барномарезии фаъолият барои давраҳои тӯлонӣ ва кӯтоҳмуддат таҷрибаи боэътимоди собитшуда дар идоракунии давлатӣ маҳсуб ёфта, раванди корбарӣ ва ҳалли масъалаҳои мавҷударо баҳри таъмини рушду пешрафти кишвар муҳайё месозад. Дар ин масир паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат барномаи фаъолият барои тамоми ҷомеа дар як соли минбаъда буда, ҳар яки онҳо аз якдигар бо таҳлилу масъалагузориҳои худ фарқ мекунанд.
Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаълияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуда, вобаста ба таҳлилҳои гузаронидашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд. Дар робита ба ин метавон иброз дошт, ки аз диди назариявӣ Паёми навбатии Пешвои миллат бакорандозии механизмҳои иловагии бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таѓйироти институтсионалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, пешниҳоди ѓояи нави таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоиро ба ҷомеа пешниҳод намуда, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, тақвияти неруи инсонӣ, татбиқи чораҳои амалии тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ, инчунин таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа ва тарбияи насли созандаро бо пешниҳоди тадбирҳои мушаххас ва масъалагузориҳои дақиқ ба миён гузошт.
Аз диди сиёсӣ Паёми имсола пурра воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар бар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рӯйдоду ҳодисоти як соли охир дақиқ муайян намуд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза хусусияти таҳдидовар ба ҳамзистии осоиштаи халқу миллат ва давлатҳоро ба миён оварда, терроризм ҳамчун падидаи марговар амният ва суботи кишварҳои гуногунро халалдор намуда истодааст.
Бо дарназардошти вазъи кунунӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Чунонки мушоҳида мекунем, вазъият дар ин кишвари ҳамсояи наздики мо ҳамоно печида ва мураккаб боқӣ мемонад. Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афѓонистон ҷалб менамояд.
Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз ҷиҳати мавқеи географии худ дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷойгир буда, аз диди геополитикӣ осебпазир мебошад. Инро таҷрибаи давлатдории мо дар давраи нав собит намуд ва имрӯзҳо ҳам собит намуда истодааст. 30 соли соҳибдавлатӣ марҳилаи мушкили давлатсозию миллатсозӣ маҳсуб ёфта, дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ мо бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ошӯбҳо ва кӯшишҳои табаддулоти хоинонаи фарзандони ҳамин сарзамин, ки фармони хоҷагони хориҷии ҳудро иҷро мекарданд, бо талошҳои ноором сохтани марзи давлатӣ, бесубот сохтани авзои сиёсӣ аз дохилу берун рӯ ба рӯ гаштем. Ин ҳама моро ҳушдор медиҳад, то ба масъалаҳои давлатдории миллии худ аз диди таъсири манфиатҳои абарқудратҳо назар карда, баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои ба манфиатҳои миллию давлатӣ таҳдидкунанда омодагии доимӣ дошта бошем. Зеро дар сиёсати байналмилалӣ на дӯстону душманон, балки манфиатҳо нақши ҳалкунанда доранд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат иброз намуданд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд»
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ- ин нигоҳ доштани қобилияти худтакмилдиҳӣ буда, ҳамчун заминаи таъминкунандаи рушди минбаъда он бояд баҳри бартараф намудани монеаҳои пайдошаванда хусусияти кушода дошта бошад. Бо назардошти ин хусусияти муҳим Паёми имсолаи Пешвои миллат бакорандозии механизмҳоеро пешбинӣ намуд, ки баҳри бартараф намудани монеаҳои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ нигаронида шудаанд.
Самти дигаре, ки дар Паём арзёбӣ гардид ва дар Паёмҳои қаблӣ низ садо дода буд, масъалаи дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба воя расонидани фарзандон, таълими хушсифат ва тарбияи неки онҳо, талқини омӯзиши технологияи муосир ва забонҳои гуногуни хориҷӣ, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус додан, эҳтироми баланд гузоштан ба падару модар, дӯст доштани Ватан, пешгирии фарзандон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва экстремистӣ мебошад.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Ва воқеият аст, ки танҳо миллати босавод метавонад, насли донишманд ва кадрҳои арзандаро ба воя расонида, пеш равад ва дар ҷомеа мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Дар робита ба ин мавзуъ ҷоиз ба қайд аст, ки мардуми шарафманди тоҷик бо тадбиқи нуқтаҳои Паёми пурмуҳтаво ва ояндасозӣ Пешвои миллат бо комёбиҳои нав ба нав ноил гардида, дар ҳама соҳаҳои мамлакат пешравиҳои назарас рӯ ба кор омада, ҷиҳади амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, хоса баҳри рушди саноати ватанӣ ва некуаҳолии бештари мардум қадамҳои устувор гузошат мешавад. Барои расидан барои он рӯзҳои беҳтар маро зарур аст, ки дастурҳои пешвои милатро сармашқи кор қарор диҳем.
Омӯзиши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ воситаи воқеии таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа буда, дар он вазифа ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мавқеи сиёсиаш амиқан нишон дода шудааст.
Котиби м/с Хамзазода А.А.