Коррупсия – имрӯз яке аз мушкилоти ҷиддитарин дар Тоҷикистон аст, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии он халал мерасонад ва ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад. Мақола ба хусусиятҳои зуҳури коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти паҳншавии коррупсия дар хизмати давлатӣ бахшида шуда, инчунин роҳҳои оптималии ҳалли мушкилоти коррупсия бо мақсади коҳиш додани афзоиши он пешниҳод карда шудааст.
Дар шароити муосир коррупсия ҳамчун «яке аз ҷиддитарин мушкилоти глобалӣ эътироф шудааст, ки ба тамоми давлатҳо таъсир мерасонад. Иқтисодиёти миллиро ноустувор мегардонад, ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, принсипҳои адолатро вайрон мекунад ва дар ҷомеа ташаннуҷи иҷтимоиро ба вуҷуд меорад»
Барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди коррупсия ҳамкории сохторҳое, ки ба масъалаҳои зерин машғуланд, зарур аст:
– мунтазам такмил додани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
– таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар доираи пурраи расмиёти маъмурӣ ва ҳуқуқӣ, қабули қарорҳо, танзими қатъии онҳо;
– таҳкими ӯҳдадориҳо ва масъулият барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ;
– рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия;
— бархам додани системаи ба вучуд омадаистодаи банақшагирӣ ва ҷо ба қо гузоштани кадрҳо дар мақомотҳои давлатӣ ва коммуналӣ аз руи принципи хешу таборию бародарӣ, муносибатҳои дӯстона, садоқати шахсӣ барои ташкили дастаи «ҳамфикрон»;
— такмили системаи назорати чамъиятӣ ;
— назорат ба фаъолияти муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва умуман ҷамъият;
– ташаккули муқовимат ба муқобили коррупсия дар байни шаҳрвандон.
Тадбирҳои андешидашуда дар самти мубориза бо коррупсия танҳо ибтидо буда, дар айни замон дар бораи дастоварду натиҷаҳои назарраси чунин корҳо ҳарф задан душвор аст. Минбаъд ин тадбирҳо бояд бо ҳамкории фаъолонатар бо дигар органхои давлатӣ, аз ҷумла бо ташкилотҳои қонунбарор, иҷроия, судӣ ва чамъиятӣ чорӣ карда шаванд. Танҳо саъю кӯшиш ва саъю кӯшиши умум имкон медиҳад, ки дараҷаи коррупсия ва умуман зуҳуроти он ва мутаносибан хаҷми зараре, ки ба рушди ичтимоию иктисодии кишварамон расонида шудааст, паст карда шавад. Коррупсия барои ҳар як давлат ва ҷомеа хатари ҷиддӣ аст, аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти гуфтаҳои боло, бояд ҳамчун як кишвари тавоно ҳар гуна даъвати берунаро қабул кунад ва мушкилоти хеле муҳим ва глобалии замони моро ҳал кунад.
Пристави суди ш.Левакант Шерализода Д.Ғ.ююю
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон,
шаҳри Левакант, кӯчаи Н.Абдуллоев, 15
Tелефон: (+992 3250) 6 2090