ИҶЛОСИЯИ 16-УМ – ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Оли барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократи ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Бо шарофати Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бостони Хуҷанд баргузор гардида буд, мо тавонистем аркони давлатдори ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қави намоем. Муҳимтар аз ин аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати Милли, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимои ва фазои озоди бунёдкориву созандаги фароҳам оварда шуд.
Воқеан ҳам истиқлолият ва озодӣ барои ҳар як миллат бузургтарин падидаи маънавӣ ва сиёсист. Таърих ҳазорҳо мисолро медонад, ки халқҳои ҷаҳон чи тавр барои ба даст овардани Истиқлолият ва пойдории он ҷонбозиҳо намудаанд. Хушбахтона лаҳзае фаро расид, ки Тоҷикистон ҳам аз ин тӯҳфаи илоҳӣ комёб гардад ва ҳамин тавр дар таърихи тоҷикон саҳифаи наве боз шуд, ки тӯҳфаи илоҳи Истиқлол буд.
Ҳамаи мо аз таърих огоҳи дорем, ки ҳануз то Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои олии дар ҷумҳуриамон ҳодисаву воқеаҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ин лиҳоз, мехостем аз таърих бо таври умумӣ ҳам бошад, баъзе онҳоро ёдовар шавем.
Тоҷикистони ба истиқлолияти соҳибшуда аз оғози рӯзҳои эълоншудааш рӯзҳои сахту муташаниҷро дид. Сар задани воқеаҳои феврали соли 1990, ки оғози ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон аст шуруъ гардид. Дар чунин шароити мураккаб, ки сухан дар бораи будан ё аз байн рафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мерафт даъват намудани иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ (даъвати 12-ум) даъвад карда шуд.
Мо имрӯз аз таърих огоҳ ҳастем, ки сокинони ҷумҳури дар он солҳои мудҳиш на танҳо аз хонаву дар ва макони бобоии худ маҳрум гардиданд, балки ба муҳтоҷиву гуруснагӣ мувоҷеҳ гардиданд. Кор ба дараҷае расида буд, ки ҳатто мардуми Шимолии Тоҷикистон, ки фарогири ҷанги шаҳрванди нагардида буданд, ба гуруснаги ва қатъи гирифтор шуданд.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябр то 2-декабри сои 1992 дар қасри фaрҳангии Арбоби хоҷаги бо номи Саидхуҷа Урунхуҷаеви шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин иҷлосия аз 230-нафари вакилони Шӯрои Олӣ 193 вакили мардуми дар рӯзи аввал иштирок намуданд. Иҷлосияи сарнавиштсози миллат дар давоми кори худ 23-масъалаи мабрами рӯзро ҳалу фасл намуд. Яке аз масъалаҳои муҳим ва асоси ин оиди масъалаи интихоботи Раиси Шӯрои Олии ҷумҳури ба ҳисоб мерафт, ки вакилон ба ин вазифа Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод ва интихоб намуданд.
Дар таърихи ҳар як давлату кишвар давраҳое вомехуранд, ки онро муаррихон тақдирсоз ном мебаранд. Солҳои 90-уми асри 20 низ барои миллати тоҷикон давраи ҳассоси тақдирсоз гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сардори давлат, ки вазъи он рузҳоро таҳлил карда тавонист, дар чунин давраи марҳилавии тақдирсоз киштии ғарқшудаистодаи-Тоҷикистонро аз туфони ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ берун кашид, баҳри мустақилияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар қадамҳои мустаҳакам гузошт.
Баёни боби мазкурро хотима дода кас ба чунин хулоса меояд, ки Иҷлосияи 16-уми шурои Олии ҶТ дар таърихи навини ҶТ ҳамчун воқеаи сиёси мақоми махсусро ишғол менамояд.
Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ чунин иқдомҳои муҳими давлатиро ба анҷом расониданд.
- Роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро
таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раисӣ Шуроӣ Олӣ ва сарвари давлат интихоб намуд;
- Сохтори конститутсионӣ, ҳокимияти
иҷроия ва судиро дар мамлакат барқарор намуд;
- Хатари пош хурдани Ҷумҳурии
- Тоҷикистон ва пароканда шудани миллатро пешгирӣ намуд;
- Тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънави баровардани кишварро ба миён гузошт;
Иҷлосияи 16-уми Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯзҳо дар фазои орому осуда мо мардуми шарафманди кишвар таҳти сиёсати хирадмандони Раиси ҲХДТ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстию бародарии халқҳо комёбиҳоямонро афзун кард.
Иҷлосияи 16-уми Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ мамлакатро наҷот, фалокати миллатро пешгирӣ ва ба таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа асос гузошт. Он ҳамчун саодати миллат ва наҷотбахши халқ чун иҷлосияи тақдирсозу сарнавиштсози кишвар аҳамияти бузурги таърихиро дорост. Иҷлосияи мазкур моҳиятан бо эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон ҳампоя мебошад. Агар Эъломия соли 1991 мавҷуд будани давлатеро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда бошад, пас иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдобӣ нобуди раҳо бахшид.
Котиби маҷлиси судии суди ш.Левакант Хамзазода А.А.