Эҳтиром ба забон

Милатеро ба ҳама шукуҳу шаҳомат, урфу анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ ва ғайра бе забони халқаш шинохтан душвор аст. Донистани ҳар як забон барои инсон ҳатмист, ки ҳамто надорад. Муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи эҳтиром ба Ватан ва модар аст ва касе, ки забонро пушти по мезанад, ба он ҳурмат надорад ва наомухтааст, ин ба халқу Ватан ва модари худ эҳтироми бардурушт доштан аст.

Таърихи давлатдории  тоҷикон абармардони зиёдеро дар хотир дорад, ки дар лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат хеле мушкил тавонистанд бо ақлу заковати фитрӣ на танҳо миллату давлатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшанд, балки пояҳои мавҷудияти онро ба василаи таваҷҷуҳ нисбат ба арзишҳои миллӣ мустаҳкам намоянд. Дар давраи муосир нақш ва ҷойгоҳи сиёсатмадори варзида-Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоса мебошад. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат истифода ва нуфузи забони тоҷики ҳамчун забони меъёрӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло рафт. Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди тоҷик мебошад, ки имрӯз забони тоҷики аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳони садо медиҳад ва аз пешрафту тарақиёти давлат ва рӯзгори осудаи мардуми тоҷик мужда медиҳад. Имрӯзҳо ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамадуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд.

Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услуби кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст. Бо қарори Созмони Миллали Мутаҳид санаи 21-уми  феврали соли 2002 рузи забони модари эълон гардидааст. Бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли соли 1989, забони тоҷики давлатӣ эълон гардид. Вобаста ба вазъи бамиёномадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил санаи 5 октябри соли 2009, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардида, ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон шуда, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ворид гашт.

Мувофиыи моддаи 5-и қонуни мазкур коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ сурат мегирад.

Аз ин рӯ мо тоҷикзодагони асил пайваста дар паи он бошем, ки забони модарии худро ҳамеша пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Зеро бо ин роҳ мо метавонем забонамонро ҳамчун забони рақобатпазир ва тавонманд ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Раиси суди ш.Левакант Назарзода Р.