«Дастгириҳои давлатии ҷавонон дар даврони 32-соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон»

Истиқлолияти давлатӣ барои рушду такомул ва дастгирии ҳаракати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро фароҳам овард.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992 бори аввал қабул карда шуда буд, ки он саҳифаи дурахшонро дар инкишофи ҳаракати ҷавонон боз намуд. Қонуни мазкур ибтидои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ буда, дар аввал бо сабаби ноороми дар ҷумҳурӣ суст татбиқ мегашт. Мутобиқи ин қонун бояд мақоми ваколатдор таъсис меёфт, ки таъмини идораи ҳамаҷонибаи сиёсати ҳукуматро дар байни ҷавонон дошта бошад. Бинобар ин Комитети кор бо ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он як сол амал карда, барҳам хурд. Иҷрои вазифаҳои Кумита ба уҳдаи Раёсати кор бо ҷавонони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузошта шуд. Вазорат дар ин соҳа салоҳияти маҳдуд дошт, бинобар ин татбиқи қонун то соли 1997 хеле суст амалӣ мегашт. Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.05.1997-сол таҳти №725 «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.1997-сол Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Бояд таъкид намоям, ки ҷавонон имрӯз самараи истиқлолияти давлатӣ ва нерӯи тозаи пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро дар ҳар вохӯриҳояшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол ва ояндаи миллату давлат мебошанд.

Тавре аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад». Ин сиёсати Пешвои миллатро халқи Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, бо иродаи бевосита дар раъйпурсии умумихалқӣ мутобиқи тағйироти санаи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сину соли ба вазифа таъин ва интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди конститутсионӣ аз 35 ба 30 муқаррар карда шуд. Ин ҳама боварӣ ба нақши тақдирсоз, пешбар ва дорои сатҳи баланди илму дониши мо-ҷавонон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи азизи кишварро нишон медиҳад, ки вазифаҳои муҳим ва масъули давлатиро ба мо – ҷавонон вогузор менамоянд.

Қадами аввалин барои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон чун амали маъмулӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992 оғоз гардид. Таваҷҷуҳ ва ғамхории падарони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтию нокомиҳои пай дар пайи пешомада Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медод.

Бесабаб нест, ки соли 2017 дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22.12.2016-сол бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.01.2017 таҳти №812 соли 2017-ум «Соли Ҷавонон» эълон карда шуд. Ин гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтидори воқеии ҷавонон такя намудааст. Чунки ҷавонони Тоҷикистон вориси таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, барномаҳои давлатии ҷавонон, аз қабили “Барномаи рушди саломатии ҷавонон”, “Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон” ва “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” ташкил медиҳанд, ки ин идомаи мантиқии раванди созандагӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Ба ҳайси заминаҳои ҳуқуқии ин гуна дастгириҳо ва ташаббусҳо аз ҷониби парламенти мамлакат доираи муайяни қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” ва қонуни махсус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” аз 15.07.2004 сол, таҳти №52 қабул ва ба тасвиб расонида шудааст.

Ҳамасола дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон, амалӣ намудани робитаҳои байналмиллалии ҷавонон мутобиқи шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, хароҷоти сохтмон ва таъмири объектҳое, ки ба мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон мансуб мебошад, маблағҳои муайяни пулӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин самт қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд, ки барои тадбирҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон имкон дорад аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар маблағҳое, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, маблағ ҷудо карда шавад.

Дар тӯли 32 соле, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол аст, ҷавонон ба дастовардҳои баланди илмӣ, варзишӣ, иқтисодиву ҷаҳонӣ расидаанд, ки ин боиси ифтихори миллати мо мебошад. Ҳамчунин, муваффақиятҳои ҷавонон сол ба сол дар ин даврон чашмрас аст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои сокинони кишварамон, аз ҷумла ҷавонон сол ба сол афзун мегардад.

Имрӯз баҳри дастгирии олимони ҷавон таъсис ёфтани 12 адад ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, таъсис гардидани 300 адад стипендияи президентӣ, квотаи президентӣ, стипендияи Раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия барои дастгирии ҷавондухтарону ҷавонписарон – ин ҳама дастовардҳои истиқлолият мебошанд. Дастоварди бузурги дигари ҷавонон ин аст, ки соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, ки мақсади он ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба бахши забономӯзӣ ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон доданд, ки натиҷаҳо дар ин масъала қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на бо мақсади дигар”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам”.

Дар маҷмуъ ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки ҷавонон ва масъалаи ба онҳо алоқаманд дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад ва ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Чунки маҳз ҷавонони эҳсоси ватандӯстиашон баланд метавонанд, пешбаранда ва ҳимоягари асили кишвар бошанд ва ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои он мусоидат намоянд. Бинобар ин рисолати ҳар як ҷавони ватандӯст аз талоши шабонарӯзӣ намудан барои омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла илмҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, кӯшиши кашф намудани ихтирооти наву замонавӣ ва ниҳоятан расидан ба қадри неъматҳои истиқлолияти давлатӣ, дастгирии давлатӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат мебошад. Аз ин рӯ, мо-ҷавонони замони истиқлолро зарур аст, ки сиёсати сулҳҷӯёнаву дарҳои кушод ва созандаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ карда, мебояд ба ин ғамхориву имкониятҳо шукргузорӣ намоем ва ҷавобан бо хизмати софдилонаи худ, пешниҳоду ташаббусҳои созанда, бо дилу нияти пок ба халқ ва Ватани азизи хеш хизмат намуда, парчамбардори миллату давлат ва ҳимоятгари марзу буми аҷдодии хеш бошем.

 

Судяи суди шахри Левакант                                                   Маҷидзода Ф.М.