Бемасъулиятии падару модар дар тарбияи фарзанд

16 сентябри соли 2020 судяи суди шаҳри Левакант Назарзода Р.Ҳ. дар маҷлиси кушоди сайёри судӣ дар толори маҷлисгоҳи КДФ ХМК-и шаҳри Левакант парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати  Маҳмадов Файзали Сайдалиевич, 09 августи соли 1969 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Левакант, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, мувақатан бекор, оиладор соҳиби 4 фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Левакант, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард:

Маҳмадов Файзали Сайдалиевич ҳамчун намояндаи қонунии ноболиғ М.М. ўҳдадории худро вобаста ба тарбияи фарзандаш иҷро накардааст. Чунончӣ, писараш 10 сентябри соли 2020 тахминан соати 08:38 дақиқа дар МТМУ №5-и шаҳри Левакант нисбати ҳамсинфаш Б.Ш. дашном ва суханҳои қабеҳ гуфта ба руяш як шапот задааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Маҳмадов Файзали Сайдалиевич дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Маҳмадов Файзали Сайдалиевичро бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар иҷро накардани ўҳдадориҳои тарбиявӣ пешбинӣ менамояд, банду баст кард.

Раводиди моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди огоҳӣ ё ба андозаи се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ намудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба эътибор гирифта, Маҳмадов Файзали Сайдалиевичро бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 174 (яксаду ҳафтоду чор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.