Баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа- пристави суд Сафаров М.

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолияти давлатӣ имконият дод, ки мақому манзалати зан-модар баланд бардошта шавад. Вобаста ба ин Қонунҳои амалкунандаи аз нигоҳи баробарии гендерӣ, баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи  сиёсати давлатӣ, интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон такмил дода шуданд. Бар замми ин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барнома ва стратегияҳо таҳия ва тасдиқ шуданд. Интишори Фармони Президенти Ҷумҳкурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимод ва боварӣ ба занон ва кадрдонии онҳо мебошад. Дар шароити соҳибистиқлолии кишвар масъалаи мақому мавқеи занон мазмуни нав касб намуд. Соли 2004-ум  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии  мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо» қабул гардид, ҳамчунин  баҳри таъмини  иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани  мақоми занон дар ҷамъият» аз 3-юми  декабри соли 1999 ба тасвиб расид.

Дар партави  амали намудани Фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  як силсила ҳуҷҷатҳои муҳим, аз қабили Қарор «Дар бораи нақши миллии чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар солҳои 1998-2005 » аз 10-уми сентябри соли 1998, барномаи  давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлати оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳои 2001-2010» аз 8-уми августи соли 2001, барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷо намудани кадрҳои роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» аз 1-уми ноябри соли 2006, барномаи давлатии «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29 майи соли 2010 ва ғайраҳо қабуд гардидаанд. Барномаву қарорҳои қабулшуда баҳри баланд бардоштани  мақоми занон, таъмини пурраи солимии зану кудак равона гаштаанд ва дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим  бозиданд. Баробарҳуқуқии мардон ва занонро моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз баромадҳои худ қайд доштанд, ки «Муносибати самимона нисбат ба занону духтарон рисолати орому осуда ва солим нигоҳ доштани оиларо таҳким мебахшад ва устувории оила, дар навбати худ  суботи ҷомеаро танзим намуда, қудратмандии  давлатро тақвият мебахшад».

Ҷиҳати рохандози намудани ҳаёти ҷамъиятии занон ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар байни занон азму талош ва кушишҳои худи занону модарон ва духтарони мо басо муҳим аст. Занони тоҷик ҳамеша ҳамқадами ҳаёти ҷомеа мебошанд ва дар инкишофи фарҳанги миллӣ  нақши муҳим мебозанд.

Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксар соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.

Ҳоло шумораи занон дар соҳаи маориф беш аз 70 фоиз, тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд.

Оила низ дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаддас ва муборак аст. Оила, ки  аз падару модар ва фарзандон иборат аст, ҷомеаи хурдтарин маҳсуб меёбад. Зан-модарро зарур аст, ки маърифати шахсии худро такмил дода, фарзондонашро аз ҷиҳати ақлонию ҷисмонӣ  солим ба камол расонад ва оилаи худро  дар фазои ишқу муҳаббат, сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии пойдор нигоҳ дорад. Барои он ки оилаи хушбахту  мустаҳкам, ки бо риштаҳои ишқу муҳаббат ва тафоҳуми  байни ҳамдигарӣ  пайвастанд, ташкил карда шавад, ҳар як узви оиларо зарур аст, ки ба таври хело хуб ҳамаи қонунҳои давлатдорӣ ва нозукиҳои ҳаёти оилавиро амиқ донанд ва сидқан эҳтиром намоянд.

Дар давлати мо ҷойгоҳи махсуси модарон-занон ва духтарон дар ҳаёти ҷомеа ба хуби ва дақиқ  муайян шудааст, ки агар риоя шаванд, нақши муҳим ва таъсиррасонии мусбати онҳо чи дар муҳити хонавода ва чи дар ҷомеа  эҳсос гардида, барои паҳнгардии ягон шакли ақидаҳои  ҷоҳилона  замина нахоҳад монд.

Дар оилаҳое, ки  якдигарфаҳми ва ҳурмату эҳтиром ҳукмфармо бошад, хайру баракат аст ва хонадоне, ки дар он ҷо ҳамеша ҷанҷолу хархаша аст, баракати рӯзгораш кам мешавад. Аз ин рӯ, дар ҳифзи муҳити оилавӣ зану мард масъулияти  баробар доранд. Ҳар як падару модар барои фарзандони худ бояд намунаи  ифтихор  бошанд. Падару модарони тоҷик фарзандони солеҳи зиёдро  тарбияву ба камол расонидаанд, ки ифтихори ҳам падару модар ва ҳам кишвари азизамон шудаанд.

Ҳуқуқи фарзандон бар  падару модар қабл аз таввалуд оғоз гардида, фароҳам  овардани муҳити солимеро  барои сарпарастии фарзандон тақозо мекунад.

Сарвари давлат яке аз вазифаҳои афзалиятноки зан-модарро дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату соҳибмаълумот, ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номус арзёби кардааст ва ҳамаи ин аз маърифати баланди худи занон вобастагӣ дорад.

Вобаста ба ин, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидаанд, ки дар ҳаёти модару фарзанд нақши созандаву тарбиятгарона доранд. Ин санадҳои ояндасоз  занону модаронро  барои ҳиссагузорӣ дар ташкил ва ҳифзи оилаи солим, тарбияи фарзондони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату  донишманд, сариштакорию исрофкорӣ  ва ташаккули ҷомеаи  ободу озод ҳидоят месозад.

Иффату покдоманӣ, ташкили хонаводаи хуб, тарбияи солиму солеҳи фарзандон, эҳтирому иззати байниҳамдигарӣ, меҳру шафқат, ғамхориву меҳрубонӣ  ва дигар аъмоли нек  аз зумраи омилҳое мебошанд, ки  дар тарбия ва рушди насли наврас  нақши муҳим мебозанд.

Вобаста ба ин, бори дигар мехоҳам занону ҷавондухтарони тоҷикро  ба баланд бардоштани маърифати фарҳангию сиёсӣ, донишандӯзӣ, дарки муқадассоти оилаву оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзандон, фурутанӣ, эҳтироми либоси миллӣ,  сариштакорӣ, дурандешӣ дар зиндагӣ, роҳ надодан ба падидаҳои хурофотӣ даъват намоям.  Умедворам, занони тоҷик  бо нангу номуси баланди миллӣ дар таҳкиму тақвияти давлатдорӣ, рушду нумуи ватани азизамон, тарбияи насли солиму ояндасози миллат саҳмгузор мешаванд ва фарзандони хешро дар арсаи ҷаҳонӣ  парчамбардор ва шуҳратманд месозанд.