Бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон

01 сентябри соли 2020 судяи суди шаҳри Левакант Юсуфзода  Қ.Ф. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди шаҳри Левакант парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Раҳимов Мумин Ситамшоевич, 27 марти соли 1981 таваллудаш, зодаи шаҳри  Левакант, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби ду фарзанд, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, сокини шаҳри Левакант бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор кардашударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати судшаванда Раҳимов Мумин Ситамшоевич дар чунин ҳолат айб эълон карда шуда буд:

Раҳимов Мумин Ситамшоевич дар асоси ҳалномаи суд, ўҳдадор будааст, ки то ба синни балоғат расидани фарзандони ноболиғаш Саидҷон, Саида ва Зуҳро ба собиқ ҳамсараш Қуватова Ф.Т. алимент супорад. Бо ҳалномаи суд аз 24 январи соли 2017 ба маблағи 110 сомонӣ ба ҳар як фарзандаш ҷамъ 330 сомонӣ ҳар моҳ алимент руёнида шудааст. Раҳимов М.С. мебоист ўҳдадории ба тариқи судӣ ба зимааш гузоштаро саривақт иҷро менамуд, аммо бо таъсири мунтазами иҷрочии Хадамоти иҷро маблағи алименти муқарраршуда, дар вақтҳои гуногун ба таъхир андохта, қисман иҷро менамуд ва ё тамоман пардохт намекардааст. Бо мақсади таъмин намудани иҷроиши ҳалномаи суд, иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Левакант, санаи 13 июни соли 2020, 15 июни соли 2020 огоҳии такрори дода, баёноташро оиди пардохт накардани алимент гирифтааст. Раҳимов М.С. то 11 августи соли 2020, яъне муддати ҳафт моҳ маблағи алиментро, ки 2310 сомониро ташкил карда, барои нигоҳдории фарзандонаш пардохт накардааст.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда Раҳимов Мумин Ситамшоевич худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 177 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида дархост намуд, ки мурофиаи судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати ў тибқи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда гузаронида шуда, таҳқиқи далелҳо гузаронида нашуда, ба музокираҳои судӣ  гузашта шавад, зеро эътирофи гуноҳи ӯ маҷбурӣ нест.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он, ки оё эътирофи ў маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда ба музокираи судӣ гузарад.

Суд муайян кард, ки эътирофи судшаванда маҷбурӣ нест ва лозим шуморид, ки мурофиаи судиро тариқи соддакардашуда баррасӣ намояд.

Ба ғайр аз худиқрории судшаванда Раҳимов Мумин Ситамшоевич боз гуноҳи ў бо дигар далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбуда, ки дар рафти мурофиаи судӣ мавриди таҳқиқ ва баҳодиҳӣ қарор гирифтанд, тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Раҳимов Мумин Ситамшоевич дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, банду баст кард.

Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Раҳимов Мумин Ситамшоевич талаботҳои моддаи 60 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24.12.2010 сол «Дар бораи ҳукми суди»-ро бавосита ва дараҷаи ба ҷамъият хафнокии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшаванда ва дигар ҳолатҳои амалии парванда, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад ба инобат  гирифта, Раҳимов Мумин Ситамшоевичро бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 1 (як) сол дар ҷои коре, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқоматӣ маҳкумшуда бо нигоҳ доштани 20 фоиз аз музди меҳнат ба фоидаи давлат таъин кард.