Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла  қонунҳо “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” имзо гузоштанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тартиби ба қайди ҳарбӣ гирифтан, даъват ба хизмати ҳарбӣ, адои хизмат ва самтҳои дигари хизмати ҳарбиро муайян менамояд. Дар Қонун, инчунин хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Иловаҳои воридгардида ба қонунҳои мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти иҷро қабули шаҳрвандонро ба кор дар мақомоти номбурда пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ менамоянд.

Қонунҳои баимзорасида ба рушди бозори меҳнат, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр мегарданд.

http://president.tj/