Қаллобӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд
08 октябри соли 2020 судяи суди шаҳри Левакант Назарзода Р.Ҳ. дар маҷлиси кушоди судӣ дар бинои суди шаҳри Левакант парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳимов Қиёмиддин Насруллоевич, 12 октябри соли 1985 таваллудаш, зодаи ноҳияи Кўшониён, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, оиладор соҳиби 2 фарзанд, таҳсилоташ миёна, мувакатан бекор, пеш суд шудааст, беҳизб, ҷойи истиқоматаш ноҳияи Кўшониён, дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати судшаванда Раҳимов Қиёмиддин Насруллоевич дар чунин ҳолат айб эълон гардида буд.
Раҳимов Қиёмиддин Насруллоевич бо ҳукми суди ноҳияи Кўшониён аз 31 марти соли 2017 бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда нисбати ў ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 40000 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст. Санаи 21 феврали соли 2018 бо пешниҳоди иҷрочиёни суди ноҳияи Кушониён ҷазои нисбати ў таъин гардида ба ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати ду сол бо нигоҳ доштани 20 фоиз аз ҳисоби музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъин карда шуда, иҷроиши он ба зиммаи ШКИ СРИҶҶ Ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гузошта шудааст. Аз боқимонда ҷазои таъингардида нисбати ў саннаи 20 ноябри соли 2019 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1648 озод карда шудааст.
Раҳимов Қиёмиддин Насруллоевич аз ин ба худ хулосаи даркори набароварда, такроран дар ҳолати ретсидив даст ба ҷинояти қалобӣ зада бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аввалҳои моҳи марти соли 2020 бо шиносаш Юсупов Шариф Ҳошимович дар сари заминҳои ба иҷорагирифтаи ў дар Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа вохурда ҳамсуҳбат гардида, дар рафти суҳбат велосипеди дучархаи тамғаи «Айст»-и Юсупов Ш.Ҳ.-ро дида бо роҳи фиреб ва ё суистифода аз боварии Юсупов Ш.Ҳ. велосипедашро гирифта, ўро бовар мекунонад, ки ба назди як шиносаш гуё рафта баъди як ду соат баргашта меояд. Аммо велосипедро баъди гирифтанаш тахминан соати 11:30 дақиқа ба бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар бурда дар онҷо ба як шахси дар тафтишот номаълум, азони худ вонамуд намуда, ба маблағи 300 сомонӣ фурухта маблағи мазкурро дар эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба Юсупов Ш.Ҳ. ба маблағи 400 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.
Судшаванда Раҳимов Қиёмиддин Насруллоевич дар маҷлиси судӣ ба айби эълон карда шуда худашро пурра гунаҳгор шуморида, дархост пешниҳод кард, ки мурофиаи судӣ бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ, яъне бе таҳқиқи далелҳо гузаронида шавад. Боз изҳор намуд, ки ба гуноҳаш иқроршавии ў маҷбурӣ нест. Ў солимақл буда ба касалиҳои рўҳи гирифтор намебошад. Аз кирдори содир кардааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, илова намуд, ки ӯ зарари ба ҷабрдида Юсупов Ш.Ҳ. расонидашударо ба пуррагӣ барқарор намудааст, аз ин рӯ аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Гарчанде судшавнда Раҳимов Қиёмиддин Насруллоевич худро бо айби ба ӯ эълоншуда пурра гунаҳгор ҳисоб намояд ҳам, гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷинояти мазкур боз бо дигар далелҳои парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбуда,тасдиқи худро ёфт.
Суд кирдори судшаванда Раҳимов Қиёмиддин Насруллоевичро бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қаллобӣ, яъне тасаруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё суистифода аз боварӣ, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд, такроран дар ҳолати ретсидив алоқаманд мебошад, пешбинӣ мекунад, банду баст кард.
Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, ҳолатҳои сабукунанда ва вазнинкунанда, шахсияти судшаванда Раҳимов Қиёмиддин Насруллоевичро ба инобат гирифта, Раҳимов Қиёмиддин Насруллоевичро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба бисту шаш ҳазору шашсаду ҳаштод сомонӣ ба фоидаи давлат, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин кард.