МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28-уми декабри соди 2023 ироа гашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори санаи бисёр муҳими таърихӣ, яъне 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” оид ба авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон, доир ба амнияти давлат ва суботи ҷомеа, дар бораи шароиту имконоти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ андешаҳои худро зикр намуданд, ки албатта маънии васеи ба худ хос доранд. Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун сафарбар намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардидааст, Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон мекунад. Бояд тазаккур дод, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе инкишофи тарбия ва фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Зеро ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд. Ҳуқуқ падидаи мураккаби ҳаёти ҷомеа буда, паҳлӯҳои гуногун, шаклҳои мухталифи ифода, амал ва ҳастӣ дорад. Албатта, мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо мафҳуми “ҳуқуқ” ҳарчӣ бештар ошно мегардем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа ва мардум ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳуқуқро бо мафҳумҳои ҳақиқату инсоф алоқаманд намоянд. Моҳияти ҳуқуқ низ маҳз дар ҳамин ифода меёбад.
Воқеан, ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алоқаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд.
Ҳамзамон, моҳияти умумииҷтимоии ҳуқуқ ба таври мушаххас дар фаҳмиши он ҳамчун меъёри озодӣ ифода меёбад. Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна амалҳои манфӣ ҳифз менамояд. Аммо, надонистани қонун ҷавобгариро аз байн намебарад.
Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Ҳанӯз чандин садсола пеш мутафаккири бузурги юнонӣ Ситсерон гуфта буд: “Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош!”. Яъне, озодӣ, пеш аз ҳама, масъулият аст.
Бояд тазаккур намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи якуми Конститутсияи амалкунанда хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз солҳои 90-ум масоили баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро хеле муҳим ва мубрам арзёбӣ намуданд. Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон» ба имзо расид. Фармони мазкур бо мақсади таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо қабул карда шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст.
Мақсади асосии ин санадҳо аз риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва ғайраҳо иборат мебошад.
Ҳамин тариқ, зикр бояд кард, ки тарбияи ҳуқуқӣ барои ҷомеаи демократӣ ва таъмини волоияти ҳуқуқу тартибот нақши калидиро сазовор мебошад.
Пас, ҳар кадоми мо бояд дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои рушд додани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони худ саҳм гузорем, то дастурҳои Сарвари давлатро ҳар чӣ зудтар амалӣ намоем.
Раиси суди ш.Левакант Назарзода Р.Ҳ.