КОНСТИТУТСИЯ — ОИНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ-Судяи Суди шањри Левакант Юсуфзода Ќ.
Дар таърихи инкишофи ҳар як миллат вақеиятҳое рух медиҳанд, ки онҳо асоси бунёди эъмори давлати миллӣ шуда метавонанд. Ба ҷумлаи ҳамин гуна воқеияти таърихӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994-ро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ шомил кардан мумкин аст, ки он дар саромади тақдири миллат ва давлатдории миллӣ нақши хосаро бозидааст.
Қабули Конститутсия шаҳодати омили бунёдии давлати тоҷикон, асоси ҳуқуқии он, ягонагии ваҳдати ҳокимияти давлатӣ, пурраҳокимиятии халқӣ, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳои Тоҷикистонро ба арсаи ҷаҳонӣ эълон дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуда, моҳияти онро ҳамчун давлати иҷтимоӣ, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, муайян намуд.
Дар муқаддимаи он халқи Тоҷикистон ба ҷаҳониён эълон кардааст, ки мо қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дустии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем.
Маъмулан дар зери калимаи «Конститутсия» ба Қонуни асосии давлат, сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ ишора меравад, ки барои ошкор сохтани моҳияти он ба ин ду се нуқта маҳдуд шудан кофӣ намебошад. Барои ошкор сохтани мазмуни Конститутсия аз ҷониби ҳар як фарди ҷомеа зарур аст, ки таъинот, предмети танзимсозӣ, нақш ва ҷои онро на танҳо дар низоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин дар бунёди давлатдории миллӣ, асосҳои конститутсионии ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ дар ҳама шаклҳои зоҳиршавиаш, сохти ягона (унитарӣ) ва шакли идоракунии Тоҷикистон, хислати соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ доштани кишвар бояд дар мадди аввал гузошта шаванд. То ки ба ин саволҳо посух биёбем, пеш аз ҳама зарур аст, ки мавҷудият ва таъиноти иҷтимоӣ ва зарурияти қабули Конститутсияро дида бароем.
Якум, баъди пош хӯрдани давлати Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва ба вуҷуд омадани ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро бо тариқи Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон ва дар бораи эълон намудани мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ҳамон рӯи кор омад, ки онҳо заминаи ҳуқуқии бунёди аввалин давлати соҳибихтиёри миллии тоҷиконро муқаррар намуданд, ки ин дастоварди миллиро Конститутсияи соли 1994 ба таври конститутсионӣ мустаҳкам намуд.
Соҳибихтиёрӣ ба ҳар як давлат, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ хос буда, он ҳокимияти олӣ, ягона ва истиқлолияти онро чӣ дар муносибатҳои дохилӣ ва чӣ дар муносибатҳои хориҷӣ ифода мекунад, ки ин мафҳуми сиёсию ҳуқуқӣ ифодаи худро дар Конститутсия ёфтааст. Соҳибихтиёрӣ ин хислати ҳокимияти давлатӣ буда, аз он боло набудани ягон ҳокимияти дигар, волоият ва истиқлолияти онро нисбат ба ҳар гуна ҳокимияти дигар ифода мекунад. Ин падидаи сиёсию ҳуқуқӣ дар заминаи соҳибихтиёрии миллат ва халқ ба вуҷуд меояд. Аз ин лиҳоз, дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мекунад. Қисми 2 моддаи 6 Конститутсия муқаррар кардааст, ки «ифодаи олии бевосита ҳокимияти халқ райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».
Конститутсия инчунин шакли давлатдории тоҷиконро дар шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ муқаррар намуда, ба устувории он таҳким бахшидааст. Тибқи моддаи 100 Конститутсия шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.
Илова бар ин, Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии хештаншиносӣ забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон намуда, Парчам, Нишон ва Суруди миллиро рамзҳои давлатӣ муқаррар намуд, ки воқеан Конститутсия ба ин васила хусусияти давлатдории миллиро ба тариқи конститутсионӣ мустаҳкам намуд ва он воқеан ба арзиши гиромидошти миллат — ба шиносномаи миллат табдил ёфт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» аз 12 майи соли 2007 муқаррар намудааст, ки «Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дуюм, Конститусия ин сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллӣ мебошад. Имрӯзҳо дар заминаи он як қатор санадҳои ҳуқуқие қабул карда шудаанд, ки онҳо бевосита аз Конститутсия бармеоянд. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз даҳҳо қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, ки қабули онро бевосита дар худи Конститутсия пешбинӣ карда шудааст, ки онҳо қисми таркибии Конститутсия мебошанд. Дар заминаи Конститутсия зиёда аз садҳо қонунҳо (соҳавӣ ва махсус), даҳҳо кодексҳо ва барномаю консепсияҳо низ қабул карда шудаанд, ки онҳо муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро танзим менамоянд.
Сеюм, Конститутсия дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Ин чунин маънӣ дорад, ки чи қадаре, ки қонунҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ қабул карда шуда бошанд, новобаста аз намуд ва мақомоте ки онҳоро қабул кардааст, Конститутсия дар низоми ҳуқуқӣ дар ҷои аввал меистад, яъне эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Дар моддаи 10 Конститутсия муқаррар шудааст, ки Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Дар ин радиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 26 марти соли 2009 Конститутсияро дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон аз лиҳози эътибори ҳуқуқӣ дар ҷои аввал гузоштааст. Аз ин бармеояд, ки меъёҳои Конститутсия нисбат ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазоратҳо ва дигар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мустақиман амал менамоянд ва зарурияти қабули дигар санади ҳуқуқиро талаб намекунанд. Дар сурати ба Конститутсия мухолифат намудани талабот ва мазмуни санадҳои ҳуқуқии зикршуда онҳо эътибор надоранд ва ба ягон оқибати ҳуқуқӣ ҳам оварда наметавонанд.
Чаҳорум, Конститутсия санади меъёрӣ-ҳуқуқие мебошад, ки характерии муассисӣ дорад. Аз ин нуқтаро чунин тафсир кардан мумкин аст, ки он чун Қонуни асосӣ асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон, яъне сохтори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлату ҷомеа, намуд ва асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва самтҳои фаъолият, салоҳият ва ваколатҳои низоми ҳар яке аз шохаҳои ҳокимият (қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ), шакл ва принсипҳои асосии фаъолияти онҳо, муносибат ва ҳамкории онҳо дар амалисозии вазифаҳои ҳокимиятӣ ва дигар масъалаҳоро муқаррар кардааст. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, Конститутсия ташкили ҳокимияти давлатиро дар асоси шакли сохти давлатдорӣ муқаррар кардааст. Конститутсияи соли 1994 Тоҷикистонро давлати ягона (унитарӣ) эълон намуд, ки он сабабҳои объективӣ дошта, ягонагии асосҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи Тоҷикистонро ифода мекунад. Аз ин рӯ, имрӯз барои халалдор сохтани ягонагии Тоҷикистон ҳеҷ гуна заминае вуҷуд надорад.
Конститутсия, ки ягонагии Тоҷикистонро чун падида ва арзиши бебаҳои миллӣ ифода намудааст, пос ва гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори он, ташкилот, муассиса, корхона ва шаҳрвандон мебошад.
Панҷум, Конститутсия санади олии ҳуқуқие мебошад, ки барои ҳуқуқбунёдии давлат замина гузоштааст. Вай аввалин бор хусусиятҳои ҳуқуқӣ-давлатии Тоҷикистонро муқаррар намуд. Ин падидаро чунин тасаввур кардан зарур аст, ки тамоми танзимсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳама гуна шаклҳои зуҳуроташ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама дар доираи талаботи меъёрҳои конститутсионӣ сурат мегирад.
Хислати дигари ҳуқуқии Конститутсия дар он ифода мегардад, ки он Тоҷикистонро давлати демократӣ эълон намуда, халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст, ки чунин муқаррарот яке аз арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб гашта, воқеъан аз баёнгари давлати демократӣ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Хислати дигари ҳуқуқии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он вазъи хуқуқии инсон ва шаҳрванд, муносибати шаҳрванд ва давлатро муқаррар намудааст. Аз ин лиҳоз, боби 2 Конститутсия ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд номгузорӣ шуда, фарогири баробарҳуқуқии ононро новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, муносибат ба дин, мансубият ба ягон ҳизб, дар арсаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муқаррар намуда, ҳамзамон механизми таъмини кафолатҳои конститутсионии онҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла, кафолатҳои ҳифзи судии ин ҳуқуқу озодиҳоро пешбинӣ намудааст, ки онҳо ба сифати принсипи асосӣ ва арзиши хоса барои инкишофи қонунгузории ҷорӣ (соҳавӣ) маҳсуб мешаванд. Зеро тибқи моддаи 5 Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Гузашта аз ин, яке аз омили бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Конститутсия муқаррар намудааст, ки «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.
Шашум, Конститутсия ҳуҷҷати расмӣ, созишӣ ва дорои аҳамияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, таърихӣ дошта, ки тавассути он миллат ба ташкилоти сиёсию ҳуқуқӣ — давлат муттаҳид мешавад. Аз ин рӯ, Конститутсия ҳуҷҷати санади сиёсию — ҳуқуқии муттаҳидсозандаи миллат мебошад. Зеро таҳия ва қабули ҳар як конститутсия, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавозуни қувваҳои солими сиёсии ҷомеаро рӯи кор оварда, дар мазмуни он манфиатҳои сиёсии байни онҳо дарҷ гардида, миллатро ба ташкилоти сиёсию ҳуқуқии ҷомеъа муттаҳид месозад. Конститутсияи Тоҷикистон соли 1994 пурра фарогири хислатҳои зикршуда мебошад. Ин омилро натиҷаи ваҳдати миллӣ ва созиши нодири байни тоҷикон дар ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайваста, масъалаҳои гуногуни ҷомеа ва давлат аз тариқи созиш ҳаллу фасл гардида, миллатро муттаҳид сохт.
Ҳамин тариқ, Конститутсия ин қонуни асосии кишвар буда, эътибори олии ҳуқуқӣ ва сарчашмаи қонунгузории Тоҷикистон буда, он асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, муносибати онҳо бо давлат, кафолатҳои таъмини ин ҳуқуқу озодиҳо, принсипҳо, низом, вазъи ҳуқуқӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шаклҳои амалисозии онҳо, ҳамкории байни онҳо дар бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёдро дар Тоҷикистон муқаррар намудааст. Ба таври дигар гӯем, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқии муттаҳидсозандаи халқи тоҷик ва оини давлатдории миллӣ мебошад.